Оғози сафари кории Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон

Рӯзи 15-уми октябр сафари кории сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оғоз гардид. Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, сарвазир ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст дар деҳаи Ҳақиқати ноҳияи Хуросон аз хоҷагии фермерии “Бибиузбекбӣ” боздид карданд. Хоҷагии мазкур соли 2019 дар майдони умумии 883 гектар дар […]

Asia-Plus

Рӯзи 15-уми октябр сафари кории сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оғоз гардид.

Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, сарвазир ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст дар деҳаи Ҳақиқати ноҳияи Хуросон аз хоҷагии фермерии “Бибиузбекбӣ” боздид карданд. Хоҷагии мазкур соли 2019 дар майдони умумии 883 гектар дар Ҷамоатҳои деҳоти “Ғаллаобод”, “Ҳилолӣ” ва “Қизилқалъа” ташкил шудааст. Дар ин хоҷагӣ 150 гектар боғи ангури чойлобӣ бунёд мешавад.

Сарвазир ва раиси вилоят бо ҷараёни тахту ҳамворкунии майдони боғ ва кашидани хатти интиқоли об шинос шуда, сипас корҳои сохтмониро дар бинои маркази хизматрасонӣ аз назар гузаронданд. Гуфта мешавад, маркази хизматрасонӣ аз 2 ошёна иборат буда, дар он ташкили ҳаммоми замонавӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, лойдармонӣ ва маркази савдо пешбинӣ шудааст.

Қоҳир Расулзода баъдан бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ферма барои 1000 сар бузи ширӣ дар ноҳияи Хуросон шинос шуд. Бунёди иншоот моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, то ин давра зиёда аз 50%-и корҳо иҷро карда шудааст. Арзиши умумии он 14 миллиону 898 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ то охири соли ҷорӣ ба итмом расида,  воридоти таҷҳизот ва чорво то ҷашни Наврӯзи соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Зикр мешавад, ки сафари кории сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.