Баргузории амалиёти шартии “Корд” дар пойтахт

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои пешгирии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқиро дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ доир кардааст. Рӯзи 13-уми октябр дар доираи амалиёт 7 корд ва 2 адад воситаҳои барқдиҳанда (электрошокер) аз ҷавонон ва мактаббачагон дарёфт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти РВКД-и пойтахт. Дар натиҷаи ин амалиёт аз шаҳрвандони зерин силоҳи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои пешгирии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқиро дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ доир кардааст.

Рӯзи 13-уми октябр дар доираи амалиёт 7 корд ва 2 адад воситаҳои барқдиҳанда (электрошокер) аз ҷавонон ва мактаббачагон дарёфт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти РВКД-и пойтахт.

Дар натиҷаи ин амалиёт аз шаҳрвандони зерин силоҳи сард дарёфту мусодира шудааст:

Бурҳонов Сафармад Мирзоубайдуллоевич, соли таваллудаш 03.02.1982, сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, кӯчаи М.Турсунзода, хонаи 73, муваққатан бекор, 2 адад корд (финка). Номбура қаблан барои содир кардани ҷиноятҳои дуздӣ 6 маротиба суд шудааст;

Авғонов Ризвоншоҳ Ёрибекович, соли таваллудаш 20.05.1993, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Наврӯз, муҳофизи маркази дилхушии “Чоко”, 1 адад корд (финка);

Каримов Хизиралӣ Сафарович, соли таваллудаш 16.08.1995, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, 1 адад корд;

Нуриддинзода Фарҳоди Файзиддин, соли таваллудаш 29.02.1992, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, 1 адад корд.

Ин ҷавонон айни ҳол дар ҳабси маъмурӣ қарор дошта, мақсади бо худ гардонидани корд ва даст доштани онҳо дар содир кардани ҷиноятҳо муайян мешавад.

Дар идомаи амалиёт кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ 2 адад корд (финка) аз ҷузвдони 2 нафар хонандагони синфи 11-и МТМУ №24 ва МТМУ №72 дарёфт ва мусодира намуданд.

Инчунин аз дохили ҷузвдони хонандагони синфи 11-и Гимназияи №9 ва МТМУ № 11 як ададӣ (дар умум 2 адад) воситаҳои махсуси барқдиҳанда “Электрошокер” дарёфту мусодира карданд.

Нисбат ба волидайни онҳо барои зоҳир намудани бепарвоӣ тибқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маводи зарурӣ тартиб дода шудааст.

Айни ҳол аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузории амалиёти “Корд” идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.