Ҳукми 15 соли зиндон ба тоҷикистонӣ барои ҳамла ба корманди пулиси Русия

Шаҳрванди Тоҷикистон барои ҳамла ба корманди пулис ва кӯшиши фурӯши маводи нашъаовар ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид. Ҳукм 16-уми октябр аз ҷониби Суди олии Бошқирдистон содир шуд. Тавре дар сомонаи мақомоти прокуратураи ҷумҳуриявӣ хабар дода мешавад, моҳи сентябри соли 2018 кормандони фаврии пулис лаҳзаи аз ҷониби тоҷикистонии 25-сола гузоштани бастаи маводи нашъаоварро […]

Asia-Plus

Шаҳрванди Тоҷикистон барои ҳамла ба корманди пулис ва кӯшиши фурӯши маводи нашъаовар ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид. Ҳукм 16-уми октябр аз ҷониби Суди олии Бошқирдистон содир шуд.

Тавре дар сомонаи мақомоти прокуратураи ҷумҳуриявӣ хабар дода мешавад, моҳи сентябри соли 2018 кормандони фаврии пулис лаҳзаи аз ҷониби тоҷикистонии 25-сола гузоштани бастаи маводи нашъаоварро дар яке аз таваққуфгоҳ (гараж)-и автомашинаҳои шаҳри Дюрюли мушоҳида кардаанд.

Гуфта мешавад, зимни боздошт нашъаҷаллоб кӯшиши фирор карда, якчанд зарбаи корд ба қафаси сина ва шиками корманди пулис мезанад. Ӯро кормандони пулиси ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда безарар мекунанд.

Шаҳрванди Тоҷикистон бо моддаҳои “суиқасд ба фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва “суиқасд ба ҳаёти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” гунаҳкор эътироф гардид. Судшаванда қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифтааст ва аз болои он шикоят бурдан имкон дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.