Таъмиру навсозии НБО Норак ба бунёди нерӯгоҳи миёна баробар аст

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров корҳои таъмиру навсозии НБО-и Норакро ба сохтмони нерӯгоҳи иқтидораш миёна баробар донист. Раиси палатаи поёнии парлумон рӯзи сешанбе зимни тасдиқи созишнома дар бораи аз ҷониби Фонди авруосиёии субот ва рушд ҷудо шудани 40 млн. доллар қарз барои корҳои таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи Норак зикр кард, ки пас аз анҷоми пурраи ин […]

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров корҳои таъмиру навсозии НБО-и Норакро ба сохтмони нерӯгоҳи иқтидораш миёна баробар донист.

Раиси палатаи поёнии парлумон рӯзи сешанбе зимни тасдиқи созишнома дар бораи аз ҷониби Фонди авруосиёии субот ва рушд ҷудо шудани 40 млн. доллар қарз барои корҳои таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи Норак зикр кард, ки пас аз анҷоми пурраи ин корҳо иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ 300 МВт зиёд мешавад.

“Баъд аз таъмиру навсозӣ нерӯгоҳ дар ҳолати хуби коршоямӣ қарор хоҳад гирифт”, – гуфт Зуҳуров.

Барои муқоиса, иқтидори лоиҳавии НБО “Сангтӯда-2” – 220 МВт ва НБО “Қайроққум” – 126 МВт-ро ташкил медиҳад.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо такя ба баҳодиҳии пешакии мутахассисон таъкид дошт, ки пас аз комилан ба анҷом расидани корҳои таъмиру таҷдиди НБО Норак иқтидори лоиҳавии он 10% – аз 3000 МВт то 3300 МВт меафзояд.

Ба гуфтаи ӯ, арзиши умумии марҳилаи аввали лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак 350 млн. долларро ташкил медиҳад.

Вазир қайд кард, ки дар баробари қарзи Фонди авруосиёии субот ва рушд, барои иҷрои ин корҳо ҳамчунин аз Асотсиатсияи байнулмилалии рушд дар ҳаҷми 226,9 млн. доллар (57,8 млн. ба сифати грант ва 169,1 млн. – қарз) ва аз Бонки осиёи сармоягузории зерсохторӣ дар ҳаҷми 60 млн. доллар маблағ дастрас шудааст.

Айни замон баҳри амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа ҷустуҷӯйи 23,1 млн. доллар маблағи боқимонда идома дорад.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак ба ду марҳила тақсим шуда, арзиши умумиаш ба 700 млн. доллар баробар аст.

Корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳ соли гузашта оғоз шуда, анҷоми пурраи он соли 2028 дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.