Муштзани наврас Абдураҳим Ёқубов қаҳрамони Осиё шуд

Варзишгари навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс медали тилло ба даст овард.  Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, боксчиёни навраси тоҷик дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 10-17 октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, сазовори ду медал шуданд. Абдураҳим Ёқубов дар вазни 54кг мақоми аввалро соҳиб гардид. Ӯ дар ду даври […]

Манзума Фирӯз, Aia-Plus

Варзишгари навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс медали тилло ба даст овард. 

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, боксчиёни навраси тоҷик дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 10-17 октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, сазовори ду медал шуданд.

Абдураҳим Ёқубов дар вазни 54кг мақоми аввалро соҳиб гардид. Ӯ дар ду даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Кувайт ва Бутан, дар нимфинал бар намояндаи Эрон ва дар финал бар варзишгари Қазоқистон ғалаба карда, қаҳрамони Осиё миёни наврасон шуд.

Варзишгари дигари тоҷик Абубакр Муродов дар вазни 52кг ҷойи дуюм гирифт. Ӯ дар се даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистон, дар нимфинал бар намояндаи Ҳиндустон дастболо шуд, вале дар финал аз варзишгари Қазоқистон мағлуб гардид.

Гуфта мешавад, ки дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ 239 варзишгар аз 26 давлати қора дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд. Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар – 10 писар ва 1 духтар ба АМА сафарбар шудаву дар 11 вазн муҳориба карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.