Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе дар доираи Форуми минтақавии тиҷоратӣ байни занон дар меҳмонхонаи Regency Dushanbe намоишгоҳ-фурӯши DESIGN DAYS EXPO – маҳсулоти косибон, тарроҳон ва машғулиятҳои соҳавӣ доир мегардад; – Имрӯз таътили тирамоҳии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон оғоз мегардад, ки то 10 ноябр идома меёбад; – Дар доираи Фестивали кинои фаронсавӣ дар толори “Тоҷикфилм” […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе дар доираи Форуми минтақавии тиҷоратӣ байни занон дар меҳмонхонаи Regency Dushanbe намоишгоҳ-фурӯши DESIGN DAYS EXPO – маҳсулоти косибон, тарроҳон ва машғулиятҳои соҳавӣ доир мегардад;

– Имрӯз таътили тирамоҳии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон оғоз мегардад, ки то 10 ноябр идома меёбад;

– Дар доираи Фестивали кинои фаронсавӣ дар толори “Тоҷикфилм” (кӯч. Беҳзод, 25) филми «Полина, станцевать свою жизнь» намоиш дода мешавад.

Оғоз соати 17:30. Даромадан ба тамошои филм бепул аст. Бо ҷадвали намоиши дигар филмҳо дар доири ҷашнвора бо ин нишонӣ шинос шуда метавонед;

– Бозиҳои Лигаи якуми футбол: «Барқчӣ» – «Локомотив-Помир»,  «Шоҳмансур» – «Зарафшон»,  «Ҳулбук» – «Дӯстӣ»,  «Исфара» – «Эсхата». Оғози бозиҳо соати 14.00. Ҳамчунин бозиҳои ҷавобии даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон: «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд», «Ҳулбук» – «Истиқлол». Оғози бозиҳо соати 14.00.    

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6916 сомонӣ;

1 евро – 10.8158 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1513 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1929 – Нусхаи нахустини рӯзномаи «Советский Таджикистан» (феълан «Народная газета») нашр шуд.

1960 – Корхонаи дастгоҳи шиддати пастволти Адрасмон мавриди истифода қарор гирифт.

2010 — Дар Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои араб дар Тоҷикистон – сафоратхонаи Арабистони Саудӣ боз шуд.

2016 — Кумитаи андози Тоҷикистон адвокатҳои хусусиро ба соҳибкорон баробар кард: онҳо аз даромадҳояшон андоз месупоранд.

1939-1993 – Зодрӯзи нависанда Баҳром Фирӯз.

1948 – Мавлуди журналист Сироншои Диловар.

1950 – Зодрӯзи раққоса Садбарг Қосимова.

1951 – Мавлуди мураббии дараҷаи байнулмилалӣ оид ба самбо Шеравлиё Шеравлиёев.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 1 ноябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.