Медали тиллои писари Бег Сабур дар мусобиқаи байнулмилалии бокс

Date:

Дар мусобиқаи байнулмилалии бокс ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов дар Новосибирск муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид.

Аз 29 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Новосибиски Русия Мусобиқаи XVIII кушоди умумирусиягӣ оид ба бокс ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа 130 варзишгар аз чордаҳ минтақаи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рақобат карданд.

Дар вазни +91 варзишгари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров маҳорати хуб нишон дода, ба гирифтани медали тиллои мусобиқа ноил гардид.

Ба гуфтаи мураббии муштзан Парвиз Аҳмадов, қаблан Сиёвуш ду маротиба дар ин мусобиқа иштирок ва ду дафъа зинаи дуюмро ишғол карда буд.

Сиёвуш Зуҳуров писари сардори Хадмоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур мебошад. Муштзани 25-сола акнун ба мусобиқаҳои нав омода мешавад.

– Оянда дар мусобиқаи байнулмилалии Истанбул ва Ҷоми ҷаҳон байни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар Югра иштирок карданием, – мегӯяд мураббии варзишгар. – Аввали соли оянда мусобиқаҳои асосӣ барои Сиёвуш оғоз мегарданд. Моҳи феврал дар Чин мусобиқаи интихобӣ барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор мешавад.

Парвиз Аҳмадов изҳор дошт, ки вазифаи онҳо дарёфти роҳхат ба Олимпиада буда, Сиёвуш бо ҳамаи ҳарифони имконпазираш аллакай рақобат кардааст.

“Мо ҳамаи онҳоро хуб омӯхтем ва пас аз қуръапартоӣ ҳар кадомеро боз алоҳида меомӯзем. Умедворем, ки дарёфти роҳхати Олимпиада ба Сиёвуш муяссар мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...