Медали тиллои писари Бег Сабур дар мусобиқаи байнулмилалии бокс

Дар мусобиқаи байнулмилалии бокс ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов дар Новосибирск муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид. Аз 29 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Новосибиски Русия Мусобиқаи XVIII кушоди умумирусиягӣ оид ба бокс ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 130 […]

Дар мусобиқаи байнулмилалии бокс ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов дар Новосибирск муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид.

Аз 29 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Новосибиски Русия Мусобиқаи XVIII кушоди умумирусиягӣ оид ба бокс ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа 130 варзишгар аз чордаҳ минтақаи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рақобат карданд.

Дар вазни +91 варзишгари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров маҳорати хуб нишон дода, ба гирифтани медали тиллои мусобиқа ноил гардид.

Ба гуфтаи мураббии муштзан Парвиз Аҳмадов, қаблан Сиёвуш ду маротиба дар ин мусобиқа иштирок ва ду дафъа зинаи дуюмро ишғол карда буд.

Сиёвуш Зуҳуров писари сардори Хадмоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур мебошад. Муштзани 25-сола акнун ба мусобиқаҳои нав омода мешавад.

– Оянда дар мусобиқаи байнулмилалии Истанбул ва Ҷоми ҷаҳон байни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар Югра иштирок карданием, – мегӯяд мураббии варзишгар. – Аввали соли оянда мусобиқаҳои асосӣ барои Сиёвуш оғоз мегарданд. Моҳи феврал дар Чин мусобиқаи интихобӣ барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор мешавад.

Парвиз Аҳмадов изҳор дошт, ки вазифаи онҳо дарёфти роҳхат ба Олимпиада буда, Сиёвуш бо ҳамаи ҳарифони имконпазираш аллакай рақобат кардааст.

“Мо ҳамаи онҳоро хуб омӯхтем ва пас аз қуръапартоӣ ҳар кадомеро боз алоҳида меомӯзем. Умедворем, ки дарёфти роҳхати Олимпиада ба Сиёвуш муяссар мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.