ВКД: аксари ҳамлаварон ба дидбонгоҳи сарҳадӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд

ВКД Тоҷикистон муайян кардааст, аксари шахсоне, ки шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ҳуҷум карданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ва зодагони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мебошанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод. Дар бораи аз кадом маҳалли минтақаи шимоли кишвар будани онҳо маълумоти саҳеҳ дода нашуд. Ба гуфтаи ӯ, байни ҳамлаварон занон ҳам […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

ВКД Тоҷикистон муайян кардааст, аксари шахсоне, ки шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ҳуҷум карданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ва зодагони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мебошанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод. Дар бораи аз кадом маҳалли минтақаи шимоли кишвар будани онҳо маълумоти саҳеҳ дода нашуд.

Ба гуфтаи ӯ, байни ҳамлаварон занон ҳам будаанд. Кори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ оид ба муайян кардани шахсияти ҳамлаварон ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” идома дорад.

“Аз рӯйи далели ҳуҷум ба дидбонгоҳи сарҳадӣ Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард”, – афзуд ӯ, вале дар шарҳи моддаҳои парванда душворӣ кашид.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар Прокуратураи генералӣ изҳор дошт, ки айни замон дар мавриди ин ҳодиса бо моддаҳои “терроризм, одамкушӣ, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

“Дар ҷараёни тафтиш бо моддаҳои дигари КҶ ҶТ низ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда метавонанд”, – гуфт манбаъ.

Ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон суолоти зиёд барангехтааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Афғонистон хабари аз қаламрави он кишвар ба Тоҷикистон гузаштани ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва ҳамлаи онҳо ба як дидбонгоҳи марзиро рад кардаанд.

Масъулони Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 7-уми ноябр гуфтанд, "ҳамла дар хоки Тоҷикистон анҷом шудааст ва ҳаросафканон низ дар берун аз хоки Афғонистон ба сар мебурдаанд”.

Ба иттилои КДАМ Тоҷикистон, шаби 6-уми ноябр гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд.

Тибқи маълумоти расмии сохторҳои қудратии Тоҷикистон, дар ин задухӯрди мусаллаҳона 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ фавтида, 15 тан аз ҷангиён безарар гардонида шуданд. КДАМ аз боздошти 5 нафар ҷангиёни зиндамонда ва бозпурсии онҳо хабар дод.

Мувофиқи маълумоти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ин ҳамларо аъзои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”, ки аз Афғонистон омадаанд, анҷом доданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 4 марзбон ва 1 маъмури милиса кушта шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол кушта шудани корманди мақомоти умури дохилӣ Баҳром Қосимзода ва марзбон Иззатулло Латифовро тасдиқ кард.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳодисаи рӯзи 6-уми ноябр се марзбони дигар – Диловар Толибов, муовини сардори дидбонгоҳи "Султонобод" ва сарбозон Ҳофиз Ҳасанов ва Ғаниҷони Давлат ҷон бохтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.