Пойпӯши хонагии одамкушон. Ё ҳамлаи суолбарангез ба дидбонгоҳи сарҳадӣ

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон суолоти зиёд барангехтааст. Фарзияи расмӣ айни замон ҷавобгӯйи онҳо нест. 

Чӣ ҳодиса рух дод?

Шаби 6-уми ноябр дар дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» дар ноҳияи Рӯдакӣ задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.

Дар натиҷа 17 нафар, аз ҷумла, прапоршики Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва як корманди ВКД ҳалок шуданд.

Ду фарзияи расмӣ

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ соати 7:22-и субҳи 6-уми ноябр нахустин шуда, оид ба ҳодисаи мазкур маълумот додааст. Дар он қайд шудааст, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони ниқобдор бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд.

“Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда, 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд”, – омадааст дар маълумот.

ВКД Тоҷикистон низ соати 7:50 дар бораи ин ҳамла маълумот нашр кард. Аммо тибқи маълумоти ВКД, боздоштшудагон 4 нафаранд. Ҳамзамон ВКД чаҳор аксро аз маҳалли амалиёт нашр кард.

Нисфирӯзии 6-уми ноябр маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар маълумоти иловагӣ хабар дод, ки ҳамлаварон аъзои гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” мебошанд.

«Дар ҷараёни ҳаракатҳои тафтишотӣ ва пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки онҳо узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд ва бо супориши махсус 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд», – иттилоъ дод маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.

Суолҳо ба миён меоянд

Ҷасад бо дастони завлонабаста

Нахуст ВКД 4 суратро аз ҷойи ҳодиса нашр ва баъдан аксеро, ки дар он ҷасад бо завлонаҳои плостикӣ дар банди дастон тасвир ёфта буд, пок кард.

Тавре «Радио Свободная Европа/Радио Свобода» дар ин робита хабар медиҳад, акс пас аз муроҷиати хабарнигори Радиои Озодӣ ба ВКД бо суоли: “Чаро дар дастони ҷасад завлона дида мешавад?” пок шудааст.

Ҷасади завлонабадаст дар канори куштаҳои дигар низ ба назар мерасид. Аммо дертар ВКД ин аксро таҳрир карда, аз он ҷасади бо завлонаро буридааст.

Инчунин ҳамаи маълумот дар бораи аксҳо пеш аз нашр пок шудаанд. Захираи онлайнии Jeffrey's Image Metadata Viewer, ки маълумоти пӯшидаи суратҳо, аз ҷумла, рӯзу вақти аксбардорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, навъи дастгоҳ ва ғайраро нишон медиҳад, дар аксҳои нашркардаи ВКД чунин маълумотро наёфт.

Баъд аз чанде ҳамаи суратҳо аз торнамои вазорат ҳазф шуданд.

Суолҳо ба миён меоянд: Чӣ гуна дар дастони ҷасад завлона пайдо шуд? Онро пас аз марг ба дастонаш бастанд? Агар ҳа, чаро? Агар не, чӣ тавр? Ё шояд ӯ аз аввал завлона дошт?

Чаро акс аз торнамои ВКД баргирифтаву маълумот дар бораи он пок шудааст?

Мавзеи кушоду васеъ

Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар бораи он, ки ҳамлаварон аз Афғонистон тариқи вулусволии Қалъаи Зол ба ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон гузаштаанд, низ шубҳаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва коршиносонро ба бор овард.

Ба гуфтаи онҳо, ин қитъа қаламрави кушоду васеъ буда, дар он ноаён мондан хеле душвор аст. Қаблан низ ҳодисаҳои убури нашъаҷаллобон ва ҷангиён аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ҷой доштанд, аммо барои гузаштан марзшиканон маъмулан қитъаҳои кӯҳистони ноҳияҳои Дарвоз ва Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод)-ро интихоб мекарданд.

Боз як фарзияи КДАМ низ аҷиб ба назар мерасад: “бо истифода аз торикии шаб”. Корбарон суол медиҳанд: “Чӣ, магар дар торикии шаб сарҳадбонон марзро посбонӣ намекунанд?”

Ин пурсиш ҳам бепосух мемонад, ки чӣ гуна як гурӯҳи калон сарҳадро убур карда, сипас қариб 200 километр масофаро дар наздикии маҳаллаҳои сераҳолӣ ноаён тай кардаанд.

200 километр то ҷойи ҳодиса

Қобили зикр аст, ки аз лаҳзаи гузаштани сарҳад то ҳамла 3 рӯз сипарӣ шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ чунин суолгузорӣ карданд: чӣ гуна ҷангиён тавонистанд, ки се рӯз дар дохили Тоҷикистон пинҳон шудаву ноаён аз Қубодиён то ба дидбонгоҳи сарҳадии “Султонобод” дар ноҳияи Рӯдакӣ расанд?

Ин далел боиси тааҷҷуби коршиносон низ шудааст:

“Шубҳаовар аст, ки гурӯҳи ҷангиёни “Давлати исломӣ” иборат аз 20 нафар пинҳонӣ тариқи сарҳади давлатии Афғонистон бо Тоҷикистон гузашта бошанд ва ғайриимкон аст, ки онҳо дар муддати се рӯз ноаён қариб 200 километр масофаро аз Қубодиён то ноҳияи Рӯдакӣ тай кардаанд ва ба пойтахт наздик шудаанд”, – гуфт дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” собиқадори мақомоти амният Давлатхоҷа Назиров.

Масъалаи чаро маҳз ҳамин дидбонгоҳ дар марз бо Ӯзбекистонро барои ҳамла интихоб кардани ҷангиён низ баррасӣ мешавад. Зеро агар мақсади онҳо бесубот кардани вазъ дар дохили кишвар мебуд, инро дар Қубодиён, ки ҳамон ҷо марзро гузаштанд, амалӣ карда метавонистанд

Мошинҳои минтақаи Душанбе

Дар аксҳои нашркардаи ВКД рақами қайди давлатии яке аз сабукравҳои “Опел” баръало намоён аст. Минтақаи қайди мошин 01 – Душанбе аст. Корбарони шабакаҳои иҷтиомӣ чунин суолҳоро матраҳ кардаанд: агар ҷангиён сарҳадро дар ноҳияи Қубодиён гузашта бошанд, пас, мошинҳои минтақаи Душанбе чӣ гуна ба дасти онҳо расидааст ё кӣ онҳоро бо ин сабукравҳо таъмин кардааст? Яъне онҳо дар дохили Тоҷикистон ҳаммаслакон доранд? Агар чунин аст, оё онҳоро боздоштаанд?

Дар аксҳои ВКД ҳамчунин ҷасадҳои занон дида мешавад, ки яке аз онҳо пойафзоли барои ҷангиён ғайримаъмул – шиппак пӯшидааст. Дар ҳамин ҳол, на ВКД ва на КДАМ дар бораи занони боздоштшуда ё безараршуда маълумот надодаанд.

ДОИШ ё на?

Коршиносон ба аъзои гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” будани ҷангиён низ шубҳа доранд, зеро ДОИШ то ҳол масъуияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Моҳи августи соли 2018 ДОИШ куштори сайёҳони дучархаронро дар Данғара ва исёни хунинро дар муассисаи ислоҳии Хуҷанд ба зимма гирифта буд.

Ба гуфтаи собиқадори мақомоти амният Давлатхоҷа Назриев, “ҳайати гурӯҳи безараршуда аз шаҳрвандони рӯҳияи террористӣ ва ифротидоштаи Тоҷикистон иборат буда, онҳо ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар роҳ аз Тоҷикистон ба самти Афғонистон ҳуҷум кардаанд, на баръакс”.

Коршиноси Маркази русиягии омӯзиши Афғонистони муосир Андрей Серенко низ дар мусоҳиба ба «Спутник-Тоҷикистон» изҳори шубҳа кардааст, ки дар ин ҳамла аъзои гурӯҳи террористии ДОИШ даст доранд.

“Ман ду шарҳ дорам. Аввал – ин талоши воқеии ДОИШ бе қароргоҳи муайян дар Афғонистон намоиш додани имконоти нави худ бо ивази ҳокимият дар халифат аст. Фарзияи дуюм – ин иғвоангезӣ баҳри намоиш ва ёдовар шудан аз хатари ДОИШ ба кишварҳои Осиёи Марказист”, – иброз доштааст Серенко.

“Аз эҳтимол дур нест, ки амали террористӣ ба хотири тасдиқи аҳаммияти мубориза бо ДОИШ содир шуда бошад. Ин тарзи кори ДОИШ нест, чунки онҳо харҷи кам ва самаранокии зиёдро дӯст медоранд. 15 шахси мусаллаҳи дорои таҷрибаи ҷангӣ дар Афғонистон ба гунаи мисол, ба осонӣ метавонистанд шуъбаи милитсияро забт кардаву деҳаи начандон калонро зери назорат гиранд. Аз лиҳози рафтор барои нуфузи ДОИШ онҳо ба амалҳои тамоман дигар даст мезаданд”, – афзудааст коршинос.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...