ДОИШ масъулияти ҳамла дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба уҳда гирифт

Гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаи маргбори 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба уҳда гирифт. ДОИШ рӯзи 8-уми ноябр, баъд аз се рӯзи ҳодиса, ба воситаи вебсайташ "Аъмоқ" иддао кард, ки дар ҳамла 10 сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштаанд. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр шумораи низомиёни кушташударо 2 нафар […]

Радиои Озодӣ

Гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаи маргбори 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба уҳда гирифт. ДОИШ рӯзи 8-уми ноябр, баъд аз се рӯзи ҳодиса, ба воситаи вебсайташ "Аъмоқ" иддао кард, ки дар ҳамла 10 сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштаанд. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр шумораи низомиёни кушташударо 2 нафар эълон карданд.

Дертар ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар ин ҳодиса 5 марзбон ва як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Мақомот ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд.

Нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар оғоз ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро кори ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" хонд. Масъулон гуфтанд, 20 ҷангҷӯйи ДОИШ шаби 3-юми ноябр "бо дастури вижа аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас ба дидбонгоҳ ҳамла кардаанд".

"Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод"-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд", – омадааст дар изҳороти рӯзи 6-уми ноябр.

Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, дар задухӯрд 15 ҷангҷӯйи гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро кушта, панҷ нафари дигарро дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи дастгиршудаҳоро 4 нафар гуфт.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон инчунин гуфт, ин афрод ҳангоми ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат, дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст. Вазорат рӯзи 6-уми ноябр чанд акси ҷойи ҳодисаро нашр кард, вале дертар онро пок намуд.

Бо гузашти се рӯз аз ҳодиса тафсилоти дигар дар даст нест. Мақомот ба суолҳо посух намегӯянд ва таъкид мекунанд, ки таҳқиқ идома дорад.

Дар бештар аз як соли ахир гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти чаҳор ҳамлаи маргборро дар Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст.

Дар ҳодисаи аввале, ки ДОИШ даст доштани худро эътироф кард, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара буд, ки бар асари он чаҳор нафар кушта шуданд. Баъдан ДОИШ масъулияти ташкили ошӯбҳои хунин дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва Ваҳдатро кори дасти худ хонд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро созмони террористӣ эътироф кардааст ва то кунун даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ аз ин созмон ё ҳамдастӣ бо он боздошту зиндонӣ шудаанд. Мақомот соли гузашта гуфтанд, тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи ин гурӯҳи даҳшатафкан пайвастаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.