Ғолибони озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман” муайян шуданд

Ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” дар бахшҳои шоирӣ, навозандаи академӣ, оҳангсоз, сарояндаи академӣ ва ровӣ муайян шуданд. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, дар номинатсияи шоирӣ Бузургмеҳри Ҳаким аз шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойи аввал гардид. Сокини ноҳияи Тоҷикобод Сулаймони Аҳтам мавқеи дуюмро ба даст овард. Ҷойи сеюмро Назархудо Назархудоев аз ноҳияи Роштқалъа ва […]

Ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” дар бахшҳои шоирӣ, навозандаи академӣ, оҳангсоз, сарояндаи академӣ ва ровӣ муайян шуданд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, дар номинатсияи шоирӣ Бузургмеҳри Ҳаким аз шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойи аввал гардид. Сокини ноҳияи Тоҷикобод Сулаймони Аҳтам мавқеи дуюмро ба даст овард. Ҷойи сеюмро Назархудо Назархудоев аз ноҳияи Роштқалъа ва мақоми чорумро Санавбар Раҳимова аз шаҳри Душанбе соҳиб шуданд.

Дар бахши навозандаи академӣ ҷойи аввал насиби Ҷаннат Ҳусейнзода аз шаҳри Душанбе гардида, сокини шаҳри Хуҷанд Дилрабо Убайдуллоева сазовори мавқеи дуюм дониста шуд. Ҷойи сеюмро Улуғбек Ниёзов аз шаҳри Ҳисор ва мақоми чорумро Дилангез Бекназарова аз шаҳри Хоруғ ишғол карданд.

Дар номинатсияи оҳангсоз Зафар Турдиалиев аз шаҳри Душанбе ҷойи якум ва ба сокини пойтахт Бахтиёр Убайдзода мавқеи дуюмро ба даст оварданд. Бахтовар Давлатов аз шаҳри Душанбе ҷойи сеюмро соҳиб гардида, мақоми чорум ба Назира Ҳамдамова аз шаҳри Хуҷанд дода шуд.

Дар бахши сарояндаи академӣ ҷойи аввал ба сокини шаҳри Турсунзода Амрулло Калонов, мавқеи дуюм ба гурӯҳи “Трио” аз шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм ба Ҳаётҷон Ҳамрохонов аз шаҳри Ҳисор ва мақоми чорум ба Далери Исматилло аз шаҳри Панҷакент дода шуд.

Дар номинатсияи ровӣ ҷойи аввал насиби сокини шаҳри Панҷакент Муштарӣ Сафарова гардид. Мавқеи дуюмро сокини ноҳияи Файзобод Шодмеҳр Давлатов, ҷойи сеюмро Динора Ҷабборова аз шаҳри Душанбе ва мақоми чорумро Садаф Ҷангибекова аз ноҳияи Ишкошим ба даст оварданд.

Барандаи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” рӯзи 16-уми ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муайян карда мешавад. Зимнан баргузории галаконсерт ва супоридани диплому ҷоиза ба ғолибони озмун дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.