Нархи шир дар Тоҷикистон ба андозаи 25% гарон шуд

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нархи шир дар Тоҷикистон ба андозаи 25% боло рафт. Имрӯз ба гунаи мисол, 1 литр шир дар бозорҳои пойтахт 5 сомонӣ арзиш дорад, аммо дар моҳи ноябри соли 2018 он бо нархи 4 сомонӣ фурӯхта мешуд. Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ қайд мекунанд, ки арзиши хӯроки чорво боло рафта, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нархи шир дар Тоҷикистон ба андозаи 25% боло рафт. Имрӯз ба гунаи мисол, 1 литр шир дар бозорҳои пойтахт 5 сомонӣ арзиш дорад, аммо дар моҳи ноябри соли 2018 он бо нархи 4 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ қайд мекунанд, ки арзиши хӯроки чорво боло рафта, он боиси афзоиши нархи маҳсулоти ширӣ ба андозаи 20-25% шудааст. Қаблан ҳукумат барои поин бурдани нархи гӯшту маҳсулоти ширӣ тадбирҳо андешида, як қатор имтиёзҳо ҷорӣ карда буд.

Ба андешаи коршиносон, бо назардошти афзоиши нархи зироати ғалладона ва сӯзишворӣ, минбаъд ҳам арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва шир дар Тоҷикистон боло меравад.

Аммо истеҳсолгарон мегӯянд, ки ин хусусияти мавсимӣ дорад. Дар фасли зимистон истеҳсоли шир коҳиш ёфта, мутаносибан, нархи ширу маҳсулоти ширӣ меафзояд, вале дар мавсими тобистон каме арзон мешавад. 

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 622 ҳазору 159 тонна шир истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1% бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ба воридоти маҳсулоти ширӣ аз Русия, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон ва дигар кишварҳо идома додааст. Дар ҳаҷми умумии воридоти нимсолаи аввали 2019 ҳиссаи маҳсулоти ширӣ 3,9% буда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5% коҳиш ёфтааст.

Ахиран Тоҷикистон якчанд лоиҳаи муштаракро бо Беларус барои таъмини бозори худ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ амалӣ мекунад. Ояндаи наздик дар Душанбе ва Ҳисор корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор медароянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.