Баррасии рейтинги соҳибихтиёрии Тоҷикистон бо “Moody’s Investors Service”

Дар раванди интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев 12-уми ноябр бо намояндагони Агентии рейтингии байнулмилалии “Moody’s Investors Service” вохӯрии корӣ анҷом дод. Тибқи иттилои БМТ, дар ин мулоқот ноиби калони муовини президенти Гурӯҳи баҳодиҳии хавфҳои кишварҳои соҳибихтиёри Агентии мазкур Кристиан де Гузман ва мудири иҷроияи он Жин Фенг бо […]

Дар раванди интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев 12-уми ноябр бо намояндагони Агентии рейтингии байнулмилалии “Moody’s Investors Service” вохӯрии корӣ анҷом дод.

Тибқи иттилои БМТ, дар ин мулоқот ноиби калони муовини президенти Гурӯҳи баҳодиҳии хавфҳои кишварҳои соҳибихтиёри Агентии мазкур Кристиан де Гузман ва мудири иҷроияи он Жин Фенг бо мақсади муайянсозии рейтинги кредитии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо вазъи низоми бонкии кишвар аз рӯйи нишондиҳандаҳои соли равон иштирок доштанд.

Дар оғози вохӯрӣ Муовини якуми раиси БМТ оид ба вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ, амалигардонии сиёсати монетарӣ ва нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, самтҳои гуногуни рушд дар бахши молияи давлатӣ ва имконоти мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ ба кишвар суханронӣ кардааст. 

“Новобаста ба таъсири омилҳои беруна, Тоҷикистон тавонист тайи солҳои охир устувории макроиқтисодиро таъмин намояд”, – гуфтааст Ҷамолиддин Нуралиев. Вай аз беҳтар гардидани вазъи низоми бонкӣ, аз ҷумла, таъмини даромаднокӣ, афзоиши сандуқи қарзӣ, коҳиши қарзҳои ғайрифаъол ва зиёд шудани ҷалби пасандозҳо ёдовар шудааст. Ба қавли ӯ, ин аз эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ дарак медиҳад.

Кристиан де Гузман ва Жин Фенг методологияи гузаронидани баҳодиҳӣ ва омилҳои асосии муайянкунии рейтингро аз рӯйи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, уҳдадориҳои давлатӣ, сиёсати монетарию фискалӣ, татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум, ҷой доштани хавфҳои эҳтимолӣ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт муаррифӣ карданд.

Коршиносони “Moody’s Investors Service” гуфтанд, ки аз рӯйи методологияи нав дурнамо барои 12 моҳ пешниҳод карда мешавад ва он дар асоси нишондиҳандаҳои ироакардаи ҷониби Тоҷикистон омода мегардад.

Дар идомаи вохӯрӣ роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон доир ба суботи молиявӣ, вазъи нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ, идомаи татбиқи ислоҳот дар он, афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба иқтисодиёт, ҳамчунин оид ба гардиши савдои хориҷӣ ва нишондиҳандаҳои алоҳидаи тавозуни пардохт маълумот доданд.

Дар ҷамъбаст Нуралиев таъкид дошт, ки натиҷаи баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон талаботи асосии ворид шудан ба бозорҳои байнулмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байнулмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад. Аз ин рӯ, дар раванди таҳияи рейтинги навбатӣ бояд хусусиятҳои минтақа ва кишвар, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва саҳми бахшҳои иқтисодиёт дар он, беҳтар гардидани сатҳи даромаднокии низоми бонкӣ, таҳким ва рушди идоракунии захираҳои байнулмилалии кишвар, ислоҳоти гузаронидашуда ва нишондиҳандаҳои муҳими дигар ба инобат гирифта шавад.

Муовини якуми раиси БМТ ҳамчунин аз намояндагони “Moody’s Investors Service” даъват ба амал овард, ки дар ҷараёни баҳогузорӣ касбияти худро ба кор бурда, аз рӯйи нишондиҳандаҳои воқеӣ хулоса бароранд.

Агентии рейтингии байнулмилалии “Moody’s Investors Service” яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, рейтинги қарзии кишварҳо ва таҳлили хавфҳои онҳоро муайян мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.