Авфи 540 шахси гунаҳкор ба терроризму ифротгароӣ дар Суғд

Date:

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов хабар дод, ки дар минтақаи шимоли кишвар 540 нафар шахсони ба ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ дастдошта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Ҳабибулло Воҳидов қайд кард, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” дар вилояти Суғд нисбат ба 2010 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон, маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ва маҳбусони дар сукунат қарордошта мавриди амал қарор дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳабибулло Воҳидов

“540 нафар шахсони ба ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ дастдошта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Аз ҷумла, 359 нафари онҳо ба иштирок дар созмонҳое, ки фаъолияташон манъ аст, гунаҳкор шуда буданд. Парвандаи боз 181 нафар дар марҳилаи тафтишу бозрасӣ қарор дошт”, – гуфт прокурор.

Ба гуфтаи ӯ, таҳлили парвандаҳо нисбат ба шахсоне, ки барои ҷиноятҳои ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудаанд, нишон медиҳад, бархе аз онҳо дар зиндонҳо низ ба амали ҷинояткоронаашон идома дода, дигаронро ба сафи ташкилотҳои ифротгаро ҷалб месозанд ва “Амир”-и худро интихоб карда, “Байъат” мекунанду кормандони муассисаро мекушанд.

“Вазифаи авввалдараҷа таъмини шахсони авфшуда бо ҷойҳои корӣ буда, назорати онҳо бар дӯши кормандони милитсия вогузор аст”, – иброз дошт Воҳидов ва қайд кард, ки бо терроризму ифротгароӣ муборизаи дастаҷамъона зарур аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввали 2019 дар қаламрави вилояти Суғд 395 ҷинояти марбут ба ифротгароӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...