Интиқоли барқ дар Душанбе боз қатъ мешавад

Як ҳафта пеш дар ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” изҳор дошта буданд, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр ба анҷом расида, дигар барқ хомӯш намешавад. Бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ рӯзи 14-уми ноябр аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми  кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт: маҳаллаҳои  Чағатай, Армуғон ва  Шафақ интиқоли барқ қатъ мешавад. […]

Asia-Plus

Як ҳафта пеш дар ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” изҳор дошта буданд, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр ба анҷом расида, дигар барқ хомӯш намешавад.

Бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ рӯзи 14-уми ноябр аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми  кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт: маҳаллаҳои  Чағатай, Армуғон ва  Шафақ интиқоли барқ қатъ мешавад.

Дар торнамои расмии корхона гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ, дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Расо як ҳафта пеш энергетикҳои пойтахт итминон дода буданд, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр дигар то фасли баҳор гузаронида намешаванд ва танҳо дар ҳолатҳои садама дар шабакаҳо интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад.

Агар интиқоли барқ ба манзили шумо қатъ шавад, метавонед ба телефони боварии 221 66 18 занг занед.

Телефони маркази танзим (диспетчерӣ)-и “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” – 227 27 27.

Телефонҳои маркази танзими шабакаҳои барқи ноҳияҳои пойтахт:

Исмоили Сомонӣ – 227 27 23

Шоҳмансур – 227 27 21

Фирдавсӣ – 234 86 05

Сино – 236 33 19.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.