Анҷоми корҳои таъмир дар шабакаҳои барқи Душанбе то баҳор

ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” интиқоли мунтазами нерӯи барқро ба сокинони Душанбе ваъда медиҳад. Корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр дигар то фасли баҳор гузаронида намешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз корхонаи “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” хабар доданд, танҳо дар ҳолатҳои садама дар шабакаҳо интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад. Барои бартараф кардани садама дар шабакаҳо навбатдории шабонарӯзӣ […]

ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” интиқоли мунтазами нерӯи барқро ба сокинони Душанбе ваъда медиҳад. Корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр дигар то фасли баҳор гузаронида намешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз корхонаи “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” хабар доданд, танҳо дар ҳолатҳои садама дар шабакаҳо интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад.

Барои бартараф кардани садама дар шабакаҳо навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ шудааст.

Агар интиқоли барқ ба манзили шумо қатъ шавад, метавонед ба телефони боварии 227 27 27 занг занед.   

Телефони маркази танзим (диспетчерӣ)-и “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” – 227 27 27.

Телефонҳои маркази танзими шабакаҳои барқи ноҳияҳои пойтахт:

Исмоили Сомонӣ – 227 27 23

Шоҳмансур – 227 27 21

Фирдавсӣ – 234 86 05

Сино – 236 33 19.

Қобили зикр аст, ки пештар дар пойтахт давра ба давра таъмини қувваи барқ дар кӯчаю маҳаллаҳо муваққатан қатъ шуда, аксаран сабаби он баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳо маънидод мешуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.