Авфи 540 шахси гунаҳкор ба терроризму ифротгароӣ дар Суғд

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов хабар дод, ки дар минтақаи шимоли кишвар 540 нафар шахсони ба ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ дастдошта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Ҳабибулло Воҳидов қайд кард, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” дар вилояти Суғд нисбат ба 2010 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон, […]

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов хабар дод, ки дар минтақаи шимоли кишвар 540 нафар шахсони ба ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ дастдошта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Ҳабибулло Воҳидов қайд кард, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” дар вилояти Суғд нисбат ба 2010 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон, маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ва маҳбусони дар сукунат қарордошта мавриди амал қарор дода шуд.

“540 нафар шахсони ба ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ дастдошта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Аз ҷумла, 359 нафари онҳо ба иштирок дар созмонҳое, ки фаъолияташон манъ аст, гунаҳкор шуда буданд. Парвандаи боз 181 нафар дар марҳилаи тафтишу бозрасӣ қарор дошт”, – гуфт прокурор.

Ба гуфтаи ӯ, таҳлили парвандаҳо нисбат ба шахсоне, ки барои ҷиноятҳои ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудаанд, нишон медиҳад, бархе аз онҳо дар зиндонҳо низ ба амали ҷинояткоронаашон идома дода, дигаронро ба сафи ташкилотҳои ифротгаро ҷалб месозанд ва “Амир”-и худро интихоб карда, “Байъат” мекунанду кормандони муассисаро мекушанд.

“Вазифаи авввалдараҷа таъмини шахсони авфшуда бо ҷойҳои корӣ буда, назорати онҳо бар дӯши кормандони милитсия вогузор аст”, – иброз дошт Воҳидов ва қайд кард, ки бо терроризму ифротгароӣ муборизаи дастаҷамъона зарур аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввали 2019 дар қаламрави вилояти Суғд 395 ҷинояти марбут ба ифротгароӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.