Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд меравад

Дар пойтахти Ӯзбекистон сарони кишварҳои минтақа дар вазъи ғайрирасмӣ оид ба масоили рӯзмарраи Осиёи Марказӣ табодули назар мекунанд. Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми ноябр ба Тошканд барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сафар мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон хабар дод. Рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо дар […]

Дар пойтахти Ӯзбекистон сарони кишварҳои минтақа дар вазъи ғайрирасмӣ оид ба масоили рӯзмарраи Осиёи Марказӣ табодули назар мекунанд.

Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми ноябр ба Тошканд барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сафар мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон хабар дод.

Рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангу маориф ва ғайра аз ҷумлаи масоили рӯзномаи нишаст мебошанд.

Сарони кишварҳо роҷеъ ба масоили таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ноил гардидан ба созиш дар Афғонистон табодули афкор мекунанд.

Манбаъ ёдрас кард, ки баргузории нишасти дуюми ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақа нахуст рӯзи 12-уми апрел дар Тошканд пешбинӣ гардида буд, аммо бо мувофиқаи худи президентҳо ба таъхир гузошта шуд.

Қобили зикр аст, ки мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин шакл аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо моҳи марти соли 2018 дар Остона пешниҳод гардида буд. Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд ҷамъ шаванд.

Дар мулоқоти аввалини машваратӣ, ки 15-уми марти соли 2018 дар Остона баргузор шуд, роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков  ва раиси Маҷлиси Туркманистон Акҷа Нурбердиев  иштирок карда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.