КҲФ Тоҷикистон: Ҷасади сайёҳзани рус ёфт нашудааст

Маълумоти нашршуда дар ВАО оид ба дарёфти ҷасади сайёҳзани рус дар шарқи Тоҷикистон, ки ҳанӯз тобистон дар дарёи кӯҳӣ ғарқ шуда буд, асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ тавзеҳ додааст. Ирина Третяковаи 61-сола рӯзи 13-уми августи соли равон дар ноҳияи Сангвор аз пул ба дарёи Қирғизоб афтода буд. Замони […]

Маълумоти нашршуда дар ВАО оид ба дарёфти ҷасади сайёҳзани рус дар шарқи Тоҷикистон, ки ҳанӯз тобистон дар дарёи кӯҳӣ ғарқ шуда буд, асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ тавзеҳ додааст.

Ирина Третяковаи 61-сола рӯзи 13-уми августи соли равон дар ноҳияи Сангвор аз пул ба дарёи Қирғизоб афтода буд. Замони рух додани ҳодиса боз 4 нафар шаҳрвандони Русия: Александр Колпаков, Алексей Колпаков, Георгий Ретман ва Виктория Ким низ ҳамроҳи ӯ аз пул мегузаштанд. Наҷотбахшони КҲФ муддати моҳҳои гузашта ҷасади сайёҳзанро ҷустуҷӯ доранд.

Ба гуфтаи сардори маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфова, рӯзи 13-уми ноябр “дар 2,5-3 километр поинтар аз ҷойи афтодани сайёҳзан борхалта, дастгоҳи аксгирӣ, як миқдор пул, пораи мӯй ва эҳтимол протез” ёфтаанд.

Ба қавли ӯ, дар борхалта (рюкзак) ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият пайдо нашудааст.

“Мо гуфта наметавонем, ки ин чизҳо ба кӣ тааллуқ доранд. Ҳамаи онҳоро ҷамъ карда,  барои ташхис ба ВКД фиристодем”, – иброз дошт Юсуфова.

Зикр шуд, ки дар бораи дарёфт нашудани ягон ҷасад сардори ситоди Кумита дар ноҳияи Сангвор маълумот додааст.

Ба суол дар бораи сабаби пас гузашти се моҳ пас аз ҷустуҷӯҳои ҷиддӣ дарёфт шудани ин чизҳо, Юсуфова қайд кард, ки тамоми ин муддат онҳо зери об буданд. “Тобистон ин ҷо зери об буд. Ҳозир дарё камоб ва пайдо кардани онҳо муяссар шуд”, – гуфт ӯ.

Дар бораи дарёфти боқимондаҳои ҷасади сайёҳзан, аз ҷумла, молики як ширкоргоҳ дар ноҳияи Сангвор Темур Исматов ба Радиои Озодӣ хабар додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.