Пешвои коммунистон: “Ба парлумони кишвар баргаштанием”

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ба маъракаи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки аввали баҳори соли оянда доир мегардад, фаъолона омодагӣ мегирад. Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҲКТ Меҳроҷ Абдуллоев хабар дод, то имрӯз санаи дақиқи баргузории анҷумани пеш аз интихоботи ҳизб маълум набуда, эҳтимол он нимаи аввали моҳи декабри соли равон баргузор шавад. Ба […]

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ба маъракаи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки аввали баҳори соли оянда доир мегардад, фаъолона омодагӣ мегирад.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҲКТ Меҳроҷ Абдуллоев хабар дод, то имрӯз санаи дақиқи баргузории анҷумани пеш аз интихоботи ҳизб маълум набуда, эҳтимол он нимаи аввали моҳи декабри соли равон баргузор шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳизб дар анҷумани пеш аз интихобот ният дорад, ки аз рӯйи феҳристи ҳизбӣ на камтар аз 8 номзадро ба вакилии МНМО ҶТ пешбарӣ кунад.

“Ба ғайр аз ин, дастикам ду нафар коммунистон аз ҳавзаҳои интихоботи якмандатӣ иштирок мекунанд”, – афзуд Абдуллоев.

Дар маъракаи интихоботии аввали баҳори соли 2015 бори нахуст дар таърих Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфта, ин нокомӣ боиси ивази пешвои ҳизб гардид.

Меҳроҷ Абдуллокев 22-юми апрели соли 2017 раиси ҲКТ интихоб шуд. Ӯ пешвои сеюми Ҳизби коммунисти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон аз сентябри соли 1991 то июли соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов билоиваз Ҳизби коммунистро роҳбарӣ кард.

Моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи декабри ҳамин сол аз олам даргузашт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.