Додгоҳи олии Тоҷикистон номгӯйи торнамоҳои басташударо нашр кардааст

Дар ин рӯйхати Суди олии ҶТ ном ва нишонии 39 сомонаи мамнӯъ дар Тоҷикистон оварда шудааст. Он фарогири торнамоҳои ҷудогона, ҳамчунин сафаҳоти муайян дар видеопортали YouTube ва шабакаи иҷтимоии Facebook мебошад. Ба назар мерасад, ки нишонии баъзе сомонаҳо дар ин феҳрист ҳадафмандона тағйир дода шудааст, то имкони боз кардани онҳо набошад. Бо ҳалномаи Суди олии ҶТ […]

Asia-Plus

Дар ин рӯйхати Суди олии ҶТ ном ва нишонии 39 сомонаи мамнӯъ дар Тоҷикистон оварда шудааст. Он фарогири торнамоҳои ҷудогона, ҳамчунин сафаҳоти муайян дар видеопортали YouTube ва шабакаи иҷтимоии Facebook мебошад. Ба назар мерасад, ки нишонии баъзе сомонаҳо дар ин феҳрист ҳадафмандона тағйир дода шудааст, то имкони боз кардани онҳо набошад.

Бо ҳалномаи Суди олии ҶТ аз 15-уми августи соли 2019 аризаи Прокурори генералиии ҶТ дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф кардани ташкилоти "Паймони миллии Тоҷикистон", манъи фаъолияти он дар ҷумҳурӣ, бастани сомонаҳои интернетӣ ва мамнӯъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди кишвар қонеъ карда шудааст. Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Суди олии ҶТ, ҳамчунин бо ҳалномаи мазкур сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон», «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шудааст.

Аз ҷумла, дар ин рӯйхат сомонаҳои интернетӣ, сафаҳоти муайян дар видеопортали YouTube ва шабакаи иҷтимоии Facebook – «Паймони Миллии Тоҷикистон», «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паёми Мардум», «Бги Дега», «Radio Payom», «Kimya Saadat», «ГРУППА 24 LIVE», «POLITIK TJ», «ПАЁМ tv», «Zindoniyon», «Ozodandishon», «Vostoknews», «Tojik islom», «tajreform», «salafimasjid», «muhajeer» ва ғайра зикр шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки "Паймони миллии Тоҷикистон" соли 2018 дар шаҳри Варшава таъсис шудааст. Ба он 4 гурӯҳи мухолифи фаъолияташон дар кишвар манъшуда – Ҳизби наҳзати исломӣ, “Конгресси озодандешони Тоҷикистон”, “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” ва “Конгресии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” шомиланд.

Аз соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардида, худи ҳизб террористӣ эътироф шудааст.

Тибқи маълумоти Суди олии ҶТ, "Паймони миллии Тоҷикистон" 18-умин ташкилот ё гурӯҳи фаъолияташ дар кишвар манъшуда мебошад.

То охири соли 2013 ба рӯйхати ташкилоту гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ "Ҳизб-ут-таҳрир", "Ал-Қоида", "Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ", "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон", "Толибон", "Ихвон-ул-муслимин", "Лашкари Тайиба", "Ҷамъияти исломии Покистон", "Ҷамъияти Таблиғот", "Тоҷикистони Озод", "Созмони Таблиғот" ва "Ҷамоати Ансоруллоҳ” шомил буданд. Баъдан боз панҷ созмон – равияи мазҳабии "Салафия", "Гурӯҳи 24", "Давлати исломӣ", "Ҷабҳат ан-Нусра" ва "ҲНИ" ба ин рӯйхат илова шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.