БМТ: Моҳи октябр нарху тарифҳо қариб тағйир наёфтанд

Афзоиши нисбатан пасти нархҳои истеъмолӣ давоми сол дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Моҳи октябр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ ҳамагӣ 0,1%-ро ташкил дод. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад. То ин дам афзоиши аз ҳама пасти нарху тарифҳо дар кишвар моҳи март – 0,3% сабт шуда буд. Афзоиши баландтарин дар моҳҳои апрел […]

Афзоиши нисбатан пасти нархҳои истеъмолӣ давоми сол дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Моҳи октябр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ ҳамагӣ 0,1%-ро ташкил дод. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

То ин дам афзоиши аз ҳама пасти нарху тарифҳо дар кишвар моҳи март – 0,3% сабт шуда буд. Афзоиши баландтарин дар моҳҳои апрел ва май буд – 1%.

Мувофиқи маълумоти Бонки миллӣ, сатҳи таварруми солона (октябри соли 2018 – октябри соли 2019) ба 7,3% баробар шудааст. Аз аввали соли равон (тайи 10 моҳ) нарху тарифҳо дар кишвар ба андозаи 6,4% боло рафтааст.

Сабзавоту гӯшт, маҳсулоти нонӣ, доруворӣ, нерӯи барқ ва хизматгузориҳои маишӣ ба таври назаррас гарон шуданд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2018 мизони таваррум дар Тоҷикистон 5,4%-ро ташкил дод. Тибқи пешгӯии ҳукумат, имсол сатҳи таваррум тақрибан ба 7% баробар хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.