Фавти мармузи корманди милитсия дар шимоли Тоҷикистон

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон, капитани милитсия, муовини сардори ШВКД-2-и Исфара оид ба кор бо ноболиғону ҷавонон Исмоил Аламов бар асари бемории дил рӯзи 13-уми ноябр дар манзилаш фавтидааст. Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ овозаҳо дар бораи куштори капитани милитсия ва маъшуқаи эҳтимолии ӯро рад кард. Куштор аллакай […]

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон, капитани милитсия, муовини сардори ШВКД-2-и Исфара оид ба кор бо ноболиғону ҷавонон Исмоил Аламов бар асари бемории дил рӯзи 13-уми ноябр дар манзилаш фавтидааст.

Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ овозаҳо дар бораи куштори капитани милитсия ва маъшуқаи эҳтимолии ӯро рад кард.

Куштор аллакай фарзияи дуюми ҳодиса аст, ки онро сомонаи “Ахбор” нашр кард. Хабаргузорӣ бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дод, ки ҷасадҳои корманди милитсия ва як ҷавонзани маҳаллиро бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз партовгоҳи деҳаи Чоркӯҳи Исфара дарёфт кардаанд.

Фарзияи сеюмро ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷасади корманди милитсия ва маъшуқаи эҳтимолии ӯ бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз газ дар яке аз ҳуҷраҳои меҳмонхонаи маҳаллии “Ватан” пайдо шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот бар ин назар аст, ки Аламов бо ҷавонзан аз меҳмонхона ҳуҷра гирифтаанд ва он бо баллони газ гарм мешудааст. “Вақте ки хобашон мебаррад, оташ хомӯш шуда, аз газ заҳролуд мешаванд”, – хабар дод манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара.

Дар ШВКД-и Исфара иттилоъ доданд, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳамаи фарзияҳои марги каритан ва ҷавонзан мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.