Падари 76-сола аз латукӯби писар бистарии беморхона шуд

Дар Конибодом марди 32-сола падари 76-солаашро дар ҳавлии истиқоматӣ латукӯб кардааст, ки дар натиҷа пирамард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Ҳамзамон ВКД хабар медиҳад, ки […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Конибодом марди 32-сола падари 76-солаашро дар ҳавлии истиқоматӣ латукӯб кардааст, ки дар натиҷа пирамард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ҳамзамон ВКД хабар медиҳад, ки марди 19-солаи сокини маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ бо марди 22-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷанҷол карда, бо корди хонагӣ ду маротиба ба рони пойи чапаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи сокини кӯчаи Айнии пойтахт муроҷиат кардааст, ки 17-уми ноябр, тахминан соати 22:00 дар назди бозорча марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолати мастӣ бо ӯ муноқиша намуда, бо корд 1 маротиба ба дасти чапаш задааст. Ҷабрдида захми сабук бардоштааст.

Аз рӯйи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.