Қиморхона дар манзили нафақахӯре дар Восеъ

Дар ноҳияи Восеъ ба гумони даст доштан ба ташкил ва нигоҳдории қиморхона сокини 68-солаи деҳаи Кадучӣ Раҷабалӣ Табаров боздошт шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар манзили ӯ қиморхонаро ошкор кардаанд. Гуфта мешавад, Табаров боз чанде аз ҷавонони маҳаллӣ: Ҷовидон Табаров, Сайҷалол Муродов, Кароматулло Неъматулло ва Рустам […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Восеъ ба гумони даст доштан ба ташкил ва нигоҳдории қиморхона сокини 68-солаи деҳаи Кадучӣ Раҷабалӣ Табаров боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар манзили ӯ қиморхонаро ошкор кардаанд.

Гуфта мешавад, Табаров боз чанде аз ҷавонони маҳаллӣ: Ҷовидон Табаров, Сайҷалол Муродов, Кароматулло Неъматулло ва Рустам Давлатовро низ ба бозии қимор ҷалб кардааст.

“Дар ҷойи бозӣ пули 100-сомона, шаш адад пули 20-сомона, 13 адад 10-сомона, як 5-сомона, як 3-сомона, картаҳои қиморбозӣ ва 2-адад чоркунҷаҳои ишоратӣ (зарик) дарёфт ва ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуданд”, – омадааст дар хабари ВКД.

Нисбат ба Раҷабалӣ Табаров мутобиқи моддаи 240 КҶ ҶТ (Ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда аз 6 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.