Омодагии шабакаҳои гармидиҳии Душанбе ба сармо

Дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” роҳбари муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” Фаррух Бӯризода итминон дод, ки кори муассиса доимо бо назардошти пешгӯии обуҳавошиносон тасҳеҳ мешавад. “Мо ба сардиҳое, ки обуҳавошиносон рӯзҳои наздик пешгӯӣ карданд, омодаем ва итминон медиҳам, ки шабакаҳои гармидиҳии Душанбе мунтазам фаъолият хоҳанд кард”, – иброз дошт ӯ. Ба гуфтаи номбурда, корхона пешакӣ барои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” роҳбари муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” Фаррух Бӯризода итминон дод, ки кори муассиса доимо бо назардошти пешгӯии обуҳавошиносон тасҳеҳ мешавад.

“Мо ба сардиҳое, ки обуҳавошиносон рӯзҳои наздик пешгӯӣ карданд, омодаем ва итминон медиҳам, ки шабакаҳои гармидиҳии Душанбе мунтазам фаъолият хоҳанд кард”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, корхона пешакӣ барои гузаронидани мавсими гармидиҳӣ ҳамаи чизҳои заруриро захира кардааст.

“Хадамоти таъмиру садамавӣ шабонарӯзӣ кор карда, бо қисмҳои эҳтиётӣ, маводи сӯзишворӣ, техника ва дигар лавозимот таъминанд. Ғайр аз ин, дар ҳамаи қитъаҳои ноҳиявӣ барои гармидиҳии муътадил, пешгирӣ ва бартараф кардани мушкилот ва камбудиҳо, аз ҳисоби мутахассисон бригадаҳои зудамал ташкил карда шудааст”, – қайд кард Бӯризода.

Таъкид шуд, ки дар робита ба оғози мавсими гармидиҳӣ, дар муассиса хадамоти садамавӣ-диспетчерӣ шабонарӯзӣ фаъолият дошта, бо рақамҳои 231-75-01 ва 93 300 15 24 дастрас аст.

Бӯризода хотиррасон кард, ки мувофиқи қонун, моликони манзилҳо бояд шабакаҳои дохили манзилро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, ба гармидиҳӣ тариқи шабакаи ягонаи манзил монеъа эҷод накунанд.

Дар мавсими зимистони имсола аз аввали моҳи ноябр ба 1749 хонаҳои истиқоматии шаҳр, 50 беморхона ва дигар иншооти тандурустӣ, зиёда аз 70 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 246 ташкилоту корхонаҳо гармӣ дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ кард, ки аз 20-уми ноябр дар ҷумҳурӣ аз сабаби вуруди антисиклони арктикӣ якуякбора ноустувор шудани вазъи обуҳаво ва сардӣ дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.