Нодида гирифтани ранги сурхи чароғак бо марг анҷомид

Сокини 25-солаи шаҳри Ҳисор ба чароғаки роҳнамо итоат накарда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109» бархӯрд, ки дар натиҷа ҷавони 22-сола ба ҳалокат расид. Шоми 20-уми ноябри соли равон тахминан соати 22:30 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи Хова (Дулан), рақами қайди давлатиаш 6133 ЕС 01, таҳти идораи Аюб Сафарови 25-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ҳангоми […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сокини 25-солаи шаҳри Ҳисор ба чароғаки роҳнамо итоат накарда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109» бархӯрд, ки дар натиҷа ҷавони 22-сола ба ҳалокат расид.

Шоми 20-уми ноябри соли равон тахминан соати 22:30 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи Хова (Дулан), рақами қайди давлатиаш 6133 ЕС 01, таҳти идораи Аюб Сафарови 25-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қаробоев ба самти кӯчаи Фирдавсӣ, дар чорроҳа ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, дар ранги сурх ба ҳаракати воситаи нақлиёти худ идома додааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷа номбурда ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109» рақамҳои қайди давлатиаш 5664 DО 01 бархӯрдааст, ки ронанда Авзалшоҳ Маҳмудови 22-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон мусофири автомашинаи мазкур шаҳрванд Ниёзов Сиддиқ Ҷумабоевич, соли таваллудаш 1983, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=6StjufGauZo

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.