Намоҳанги нави Садриддини Наҷмиддин нашр шуд

Сарояндаи шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин, ки айни ҳол дар Канада иқомат дорад, тарона ва намоҳанги нави худро бо номи “Намеша – 2” нашр кард. Намоҳанги ҷадид идомаи суруди “Намеша” буда, онро дар як шабонарӯз қариб 160 ҳазор корбари YouTube тамошо кардаанд. Сароянда тайи 2 соли охир дар кишвари Канада зиндагӣ дорад. Ӯ чанд моҳ қабл […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сарояндаи шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин, ки айни ҳол дар Канада иқомат дорад, тарона ва намоҳанги нави худро бо номи “Намеша – 2” нашр кард.

Намоҳанги ҷадид идомаи суруди “Намеша” буда, онро дар як шабонарӯз қариб 160 ҳазор корбари YouTube тамошо кардаанд.

Сароянда тайи 2 соли охир дар кишвари Канада зиндагӣ дорад. Ӯ чанд моҳ қабл дар саҳифаи  Facebook-и худ чунин навишта буд:

“Одамҳои содаро дӯст дорам, ҳамонҳое, ки бадии ҳеҷ касро қабул надоранд, ҳамонҳое, ки барои ҳама лабханд доранд, ҳамонҳое, ки бӯи ноби одамият медиҳанд…

Кумакам накунед!
Вале озор ҳам надиҳед!
Маро бад мебинеду нақш бозӣ накунед, ки гуё дӯстам медоред!
Маро хушбахт накунед!
Вале хушбахтиамро ҳам нагиред!

Кӯч бастани парандаҳо ба ман омӯхт вақте фазои робита сард аст, бояд рафт…”

Намоҳанги аввали “Намеша”-ро қариб 11 миллион бор тамошо кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.