Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар масоили энергетика

Дата:

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Вазири давлатии энергетика, энергияи нав ва таҷдидпазири Ҳиндустон Раҷ Кумар Сингҳ рӯзи 20-уми ноябр мулоқот кардааст.

Тибқи иттилои ВКХ ҶТ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, иштирок дар баҳрабардорӣ аз имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва рушди баъдии соҳаи саноат тавассути лоиҳаҳои сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нерӯи таҷдидпазир, хусусан нерӯгоҳҳои хуршедӣ, табодули таҷриба ва омодасозии мутахассисон баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо мавҷуд будани зарфиятҳои бузургро дар ин самтҳо зикр намуда, алоқамандии худро ба густариши бештари ҳамкориҳо дар ин замина иброз доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное