Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи нақлиёт дар Оренбург

Date:

Субҳи 24-уми ноябр бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз як нафари дигар бистарии бемористон шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Садама тақрибан соати 06:10 дар километри 15-уми шоҳроҳи Оренбург – Акбулак рух дода, автомашинаи боркаш (фура) ба микроавтобуси Hyundai бархӯрдааст.

Дар натиҷа 6 нафар ҳалок шудаанд, аз ҷумла, як кӯдаки 6-сола. Боз се нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон будаанд, ки ба Ватан бармегаштаанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Муайян карда шуд, ки дар ин садама ду шаҳрванди Тоҷикистон – Фирӯзи Аҳмад (с/т 1993) ва Маликзода Ҳусниддини Мирзомурод (с/т 1992) ҳалок шудаанд. Шаҳрванди дигари Тоҷикистон – Исматов Шаҳбоз Иззатуллоевич (с/т 1994) дар бемористон бистарӣ шудааст. Фавтидагон ва ҷароҳатбардошта ҳама зодагони ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода мебошанд”, – хабар дод ӯ.

Ба гуфтаи Аҳмадов, айни замон ҷиҳати ба зодгоҳ фиристодани ҷасадҳои ҳалокшудагон тадбирҳо андешида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти прокуратураи минақавӣ, садама бар асари ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромадани микроавтобус рух додааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...