Эмомалӣ Раҳмон ин ҳафта ба Бишкеку Тошканд меравад

Рӯзи 28-уми ноябр дар Бишкек Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва сарвазири Арманистон дар кори иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қарори СААД дар бораи Номгӯйи тадбирҳои иловагӣ баҳри коҳиши шиддати вазъ дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзи 28-уми ноябр дар Бишкек Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва сарвазири Арманистон дар кори иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қарори СААД дар бораи Номгӯйи тадбирҳои иловагӣ баҳри коҳиши шиддати вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ мешавад.

Дар доираи иштирок дар кори иҷлосияи Бишкек ҳамчунин як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Сипас ӯ аз Бишкек ба Тошканд меравад, ки рӯзи 29-уми ноябр дар он ҷо Вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Дар ин вохӯрӣ баррасии масоили густариши ҳамкории минтақавӣ оид ба сиёсату иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Сарони кишварҳои минтақа ҳамчунин атрофи масоили муҳими сиёсати байнулмилалӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ табодули назар мекунанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ санади ҷамъбастӣ қабул мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.