Ғалабаи ҳаштуми Меҳрубон Сангинов дар муштзании касбӣ

Муштзани касбии тоҷик Меҳрубон Сангинов рӯзи 23-юми ноябр қувваозмоии навбатии рейтингиро дар Мексика бо муштзани маҳаллӣ Мигел Лопес гузаронида, пирӯзӣ ба даст овард. Ин қувваозмоӣ дар доираи мусобиқаи TJ Fight Nights дар шаҳри Тихуана баргузор шуд. Пас аз ғалаба дар Instagram-аккаунт Сангинов ба мухлисонаш барои дастгирӣ изҳори сипос кард. “Ман ба халқам ғалаба ваъда додам! Ҳамаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Муштзани касбии тоҷик Меҳрубон Сангинов рӯзи 23-юми ноябр қувваозмоии навбатии рейтингиро дар Мексика бо муштзани маҳаллӣ Мигел Лопес гузаронида, пирӯзӣ ба даст овард.

Ин қувваозмоӣ дар доираи мусобиқаи TJ Fight Nights дар шаҳри Тихуана баргузор шуд.

Пас аз ғалаба дар Instagram-аккаунт Сангинов ба мухлисонаш барои дастгирӣ изҳори сипос кард.

“Ман ба халқам ғалаба ваъда додам! Ҳамаи ҳамдиёронамро бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ табрик мегӯям!”, – навиштааст муштзан дар саҳифааш.

Дар муҳорибаҳои касбӣ ин пирӯзии ҳаштуми Сангинов аст. Аз 9 муҳориба ӯ яктояшро бо Фред Уилсони хурдӣ моҳи сентябри соли равон бо ҳисоби 57:57 мусовӣ анҷом дод.

Моҳи сентябри соли 2017 Меҳрубон аз рӯйи версияи WBC Youth World Champion унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд. Сипас ӯ дар муҳориба бо Карлос Лопеси мексикоӣ унвони қаҳрамониро ҳимоя кард.

Аз соли 2017 Меҳрубон Сангинов раиси Федератсияи бокси шаҳри Душанбе мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Барои навъҳои ҷудогонаи кондитсионерҳо меъёр се баробар ва барои қандилу чароғҳои деворӣ - ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.