Дастгирии Тоҷикистон аз узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ шудани Норвегия

Ҳайати ВКХ Норвегия охири ҳафтаи гузашта аз Душанбе боздид кард, то ки ба пуштибонии Тоҷикистон аз нияти солҳои 2021-2022 узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ шудани Осло даст ёбад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз парлумони Тоҷикистон хабар доданд. Ҳайати дипломатҳои Норвегияро дар ВКХ ва палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, итминон доданд, ки Душанбеи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳайати ВКХ Норвегия охири ҳафтаи гузашта аз Душанбе боздид кард, то ки ба пуштибонии Тоҷикистон аз нияти солҳои 2021-2022 узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ шудани Осло даст ёбад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз парлумони Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати дипломатҳои Норвегияро дар ВКХ ва палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, итминон доданд, ки Душанбеи расмӣ аз Норвегия дастгирӣ мекунад.

Дар навбати худ намояндагони Норвегия ваъда доданд, ки аз хоҳиши Душанбе барои солҳои 2028-2029 узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ шудан дастгирӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, айни замон Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии номзадии худ ба узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ бо созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ ва давлатҳои узви СММ гуфтушунид дорад.

Ин нияти Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (9-10 июни соли 2018) дар шаҳри Синдаои Чин дастгирӣ ёфта буд.

Ба ҳайати Шӯрои амнияти СММ 15 давлат – 5 узви доимӣ ва 10 узви ғайридоимӣ дохил мешаванд. 10 кишвари узви ғайридомии Шӯро аз рӯйи мавқеи ҷуғрофӣ интихоб мешаванд: панҷ давлат аз Африқо ва Осиё; як давлат аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ; ду давлат аз Амрикои Лотинӣ; ду кишвар аз Аврупои Ғарбӣ ва дигар давлатҳо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.