Соҳибкорони хатлонӣ ба таъмири роҳҳо беш аз 20 млн сомонӣ масраф карданд

Date:

Соҳибкорони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон барои сохтмону таъмири роҳҳои маҳаллӣ беш аз 20 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карданд.

Сардори идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар минтақаи Бохтар Насрулло Файзуллозода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз аввали соли равон бо саҳми соҳибкорони минтақа ба маблағи 20,7 миллион сомонӣ роҳҳои сатҳи маҳаллӣ таъмир гардиданд. Зимнан 497 км сангфарш, 31 км мумфарш, 28,4 км таъмири асосӣ ва 62 кӯпрук азнавсозӣ карда шуданд.

“Ҳамаи ин корҳоро мутахассисони муассисаҳои зертобеъи мо ба анҷом расониданд. Соҳибкорон барои дастрас кардани масолеҳи сохтмонӣ маблағ ҷудо карданд”, – гуфт Файзуллозода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба қавли ӯ, дар мувозинати Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар 2 ҳазору 749,2 км роҳҳои автомобилгард мебошад, ки аз ин 1 ҳазору 967,6 километрашро роҳҳои сатҳи маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Барои таъмиру нигаҳдории роҳҳои сатҳи байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар соли равон аз буҷаи кишвар 2 миллиону 812,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Ҳамзамон барои нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз буҷаи 13 шаҳру навоҳии минтақа 1 миллиону 277 ҳазор сомонӣ ихтисос гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 198 ҳазор сомонӣ камтар аст.

“Баъзе шаҳру навоҳӣ ба роҳҳои маҳаллӣ аҳаммияти ҷиддӣ надода, маблағи кифоя ҷудо намекунанд. Масалан, ноҳияҳои Панҷ ва Абдураҳмонӣ Ҷомӣ дар 10 моҳи сипаришуда маблағе ҷудо накардаанд. Шаҳри Левакант ва ноҳияи Дӯстӣ 6 ё 7 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд, ки ин барои нигаҳдории роҳҳо ночиз аст. Новобаста ба он ки мо ҳамасола ба унвонии раисони шаҳру навоҳӣ мактуб ирсол кардаву хоҳиш мекунем, то барои нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд, мутаассифона, вазъ тағйир намеёбад”, – изҳор дошт сардори Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...