Соҳибкорони хатлонӣ ба таъмири роҳҳо беш аз 20 млн сомонӣ масраф карданд

Соҳибкорони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон барои сохтмону таъмири роҳҳои маҳаллӣ беш аз 20 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карданд. Сардори идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар минтақаи Бохтар Насрулло Файзуллозода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз аввали соли равон бо саҳми соҳибкорони минтақа ба маблағи 20,7 миллион сомонӣ роҳҳои сатҳи маҳаллӣ таъмир гардиданд. Зимнан 497 км сангфарш, 31 км мумфарш, 28,4 […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Соҳибкорони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон барои сохтмону таъмири роҳҳои маҳаллӣ беш аз 20 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карданд.

Сардори идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар минтақаи Бохтар Насрулло Файзуллозода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз аввали соли равон бо саҳми соҳибкорони минтақа ба маблағи 20,7 миллион сомонӣ роҳҳои сатҳи маҳаллӣ таъмир гардиданд. Зимнан 497 км сангфарш, 31 км мумфарш, 28,4 км таъмири асосӣ ва 62 кӯпрук азнавсозӣ карда шуданд.

“Ҳамаи ин корҳоро мутахассисони муассисаҳои зертобеъи мо ба анҷом расониданд. Соҳибкорон барои дастрас кардани масолеҳи сохтмонӣ маблағ ҷудо карданд”, – гуфт Файзуллозода.

Ба қавли ӯ, дар мувозинати Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар 2 ҳазору 749,2 км роҳҳои автомобилгард мебошад, ки аз ин 1 ҳазору 967,6 километрашро роҳҳои сатҳи маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Барои таъмиру нигаҳдории роҳҳои сатҳи байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар соли равон аз буҷаи кишвар 2 миллиону 812,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Ҳамзамон барои нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз буҷаи 13 шаҳру навоҳии минтақа 1 миллиону 277 ҳазор сомонӣ ихтисос гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 198 ҳазор сомонӣ камтар аст.

“Баъзе шаҳру навоҳӣ ба роҳҳои маҳаллӣ аҳаммияти ҷиддӣ надода, маблағи кифоя ҷудо намекунанд. Масалан, ноҳияҳои Панҷ ва Абдураҳмонӣ Ҷомӣ дар 10 моҳи сипаришуда маблағе ҷудо накардаанд. Шаҳри Левакант ва ноҳияи Дӯстӣ 6 ё 7 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд, ки ин барои нигаҳдории роҳҳо ночиз аст. Новобаста ба он ки мо ҳамасола ба унвонии раисони шаҳру навоҳӣ мактуб ирсол кардаву хоҳиш мекунем, то барои нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд, мутаассифона, вазъ тағйир намеёбад”, – изҳор дошт сардори Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.