Ҳалокати як тоҷикистонӣ дар шоҳроҳи Бухоро – Самарқанд

Шоми 24-уми ноябр мошини тамғаи “Opel”, ронандааш шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Э.Н. ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Бухоро ба Самарқанд дар километри 141-уми ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанд ба панҷараи бетонӣ бархӯрдааст. Тибқи маълумоти Раёсати тафтишоти ВКД Ӯзбекистон, хоби ронанда сари чанбараки мошин бурда, ихтиёри идораи воситаи нақлиётро аз даст додааст. Дар натиҷаи ин садама Э.Н. аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуда, мусофири автомашина – […]

Asia-Plus

Шоми 24-уми ноябр мошини тамғаи “Opel”, ронандааш шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Э.Н. ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Бухоро ба Самарқанд дар километри 141-уми ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанд ба панҷараи бетонӣ бархӯрдааст.

Тибқи маълумоти Раёсати тафтишоти ВКД Ӯзбекистон, хоби ронанда сари чанбараки мошин бурда, ихтиёри идораи воситаи нақлиётро аз даст додааст.

Дар натиҷаи ин садама Э.Н. аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуда, мусофири автомашина – У.К.-и 28-сола дар бемористони марказии ноҳияи Пахтачин бистарӣ шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел дар Шуъбаи умури дохилии ноҳия Пахтачин парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.