Корду кастет ва таппонча. Идомаи амалиёти “Корд” дар Душанбе

Дар доираи амалиёти “Корд” дар Душанбе барои нигаҳдорӣ ва бо худ доштани силоҳи сард 14 нафар ҷавонон боздошт шуданд. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, амалиёти “Корд” бо мақсади аз аҳолӣ, бахусус, ҷавонон мусодира кардани силоҳи сард, аз қабили таппончаи газӣ, кастету корд ва дастчӯби оҳанину дигар ашёи ба сифати силоҳи сард […]

Дар доираи амалиёти “Корд” дар Душанбе барои нигаҳдорӣ ва бо худ доштани силоҳи сард 14 нафар ҷавонон боздошт шуданд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, амалиёти “Корд” бо мақсади аз аҳолӣ, бахусус, ҷавонон мусодира кардани силоҳи сард, аз қабили таппончаи газӣ, кастету корд ва дастчӯби оҳанину дигар ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, дар рафти амалиёт тайи ду рӯзи охир 8 адад корд, 2 адад кастет ва 1 ададӣ таппончаи газӣ ва дастчӯби оҳанин дарёфту мусодира карда шуданд.

“Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, нисбат ба 5 нафар ҳабси маъмурӣ аз 5 то 7 шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд”, – қайд мешавад дар маълумоти дафтари матбуоти РВКД-и пойтахт.

Зикр мешавад, ки амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.