Дар мусобиқаи CAFA футболбоздухтарони тоҷик туркманҳоро ҳам шикаст доданд

Мунтахаби футболи занонаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ва Ҳисор ҷараён дорад, пирӯзии навбатӣ ба даст овард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври навбатии мусобиқа футболбоздухтарони тоҷик рӯзи 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими Туркманистон вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 дастболо шуданд. Бозии асосии даври […]

Мунтахаби футболи занонаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ва Ҳисор ҷараён дорад, пирӯзии навбатӣ ба даст овард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври навбатии мусобиқа футболбоздухтарони тоҷик рӯзи 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими Туркманистон вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 дастболо шуданд.

Бозии асосии даври чоруми чемпионати CAFA-2019 байни дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи футболбоздухтарони ӯзбек анҷом ёфт.

Дар бозии дигари ин давр мунтахаби Қирғизистон тими Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Пеш аз як давр то анҷоми мусобиқа мунтахаби Ӯзбекисон бо касби 12 имтиёзи имконпазир ғолиби мусобиқа шуд. Зинаҳои дуюму сеюмро дастаҳои Эрон (9 имтиёз) ва Тоҷикистон (7 имтиёз) ишғол мекунанд.

Бозиҳои даври охири мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 28-уми ноябр баргузор мешаванд: Тоҷикистон – Ӯзбекистон, Қирғизистон – Туркманистон ва Эрон – Афғонистон.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни тимҳои олимпии занонаи синни зери 23-сола як давр бо вохӯриҳои дастаҳо байни ҳамдигар доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумори бештари имтиёзҳои гирифта муайян мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.