Рустами Эмомалӣ ба Тошканд рафт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз ба Тошканд рафт: ин нахустин сафари хориҷаи ӯ ба ҳайси шаҳрдори пойтахт аст. Дар Тошканд ӯ бо ҳамтои ӯзбеки худ ҷараёни амалисозии Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳар ду кишварро, ки зимни сафари давлатии раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба имзо расида буд, баррасӣ мекунад. Аз ҷумла, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз ба Тошканд рафт: ин нахустин сафари хориҷаи ӯ ба ҳайси шаҳрдори пойтахт аст.

Дар Тошканд ӯ бо ҳамтои ӯзбеки худ ҷараёни амалисозии Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳар ду кишварро, ки зимни сафари давлатии раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба имзо расида буд, баррасӣ мекунад.

Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ ва шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев оид ба масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангии байни Душанбе ва Тошканд табодули андеша мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Дар назар аст, ки шаҳрдорон барномаи ҳамкории ду пойтахтро барои соли 2020 тасдиқ хоҳанд кард.

Моҳи январи соли 2017 Рустами Эмомалӣ бо фармони президенти Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. Ӯ то имрӯз ба ҳайси раиси пойтахт ба кишварҳои хориҷӣ сафар накарда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.