Лионел Месси бори шашум соҳиби “Тӯби тиллоӣ” шуд

Date:

Рӯзи 2-юми декабр дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис ба ҳамлагари мунтахаби футболи Аргентина ва тими “Барселона”-и Испания Лионел Месси ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” тақдим шуд. Онро маҷаллаи маъруфи France Football ҳамасола ба беҳтарин футболбози сайёра месупорад. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.

Барои капитани дастаи “Барселона” ва тими мунтахаби Аргентина ин “Тӯби тиллоӣ” шашум ва рекордӣ буда, акнун Лео аз рақиби асосии худ дар гирифтани ин ҷоиза – ҳамлагари мунтахаби Поругалия ва дастаи “Ювентус”-и Италия Криштиану Роналду пеш гузашт. Роналду панҷ маротиба соҳиби ин ҷоиза шудааст.

Дар маросими тақдими ҷоиза Месси дар иҳотаи ҳамлагари мунтахаби Лаҳистон (Полша) ва тими “Бавария”-и Олмон Роберт Левандовски ва ҳимоягари мунтахаби Нидерланд ва дастаи “Ливерпул”-и Англия Вирҷил ван Дейк нишаста буд. Ҳамчунин аз ҷониби Ван Дейк ҳамлагарони мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе ва тими “ПСЖ” Антуан Гризманн дар як қатор нишаста буданд.

Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро ба Месси ғолиби соли гузашта – нимҳимоягари мунтахаби Хорватия ва тими “Реал”-и Лука Модрич супурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...