Тавсияи маблағгузории алтернативӣ ба сохтмони НБО Роғун

Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун маблағгузорӣ аз буҷетро коҳиш дода, аз сарчашмаҳои хусусӣ сармоя ҷалб кунад. “Бунёди нерӯгоҳи Роғун барои устувории қарз хатар эҷод карда, хароҷоти иҷтимоиро ба навбати дуюм монда метавонад, агар ҳукумат маблағгузории алтернативии лоиҳаро аз сарчашмаҳои хусусӣ таъмин карда натавонад”, – гуфта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун маблағгузорӣ аз буҷетро коҳиш дода, аз сарчашмаҳои хусусӣ сармоя ҷалб кунад.

“Бунёди нерӯгоҳи Роғун барои устувории қарз хатар эҷод карда, хароҷоти иҷтимоиро ба навбати дуюм монда метавонад, агар ҳукумат маблағгузории алтернативии лоиҳаро аз сарчашмаҳои хусусӣ таъмин карда натавонад”, – гуфта мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон.

Ба ақидаи муаллифони гузориш, маблағгузории лоиҳаи Роғун аз ҳисоби буҷет дар сурати афзоиши ҷамъоварии даромадҳо ва дар ҳамин ҳол, ба таври назаррас кам кардани хароҷоти бесамар имкон дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар соли оянда 2,1 млрд. сомонӣ (наздики $220 млн.) равона кунад, ки ин қариб 8%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет (26,4 млрд. сомонӣ) барои соли 2020 мебошад.

Маблағгузории идомаи бунёди нерӯгоҳи Роғун аз буҷет дар соли оянда ба ҳаҷми умумии соли равон баробар аст.

Моҳи августи соли ҷорӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ҳукумат комиссияи махсус таъсис дода, ба ҷустуҷӯйи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ машғул аст.

Пештар аз ин муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев иштироки ниҳодҳои байнулмилалии молиявиро дар маблағгузорӣ ба лоиҳа ғайриимкон арзёбӣ кард.

“Дар таҷрибаи байнулмилалӣ ҳолатҳои хеле кам вомехӯранд, ки созмонҳои молиявӣ ба сармоягузории лоиҳа аз нимаи амалисозии он ҳамроҳ шаванд”, – гуфта буд Нуралиев рӯзи 24-уми июли соли равон дар нишасти хабарӣ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ҷалби захираҳои молиявиро аз ҳисоби ҷойгир кардани миқдори навбатии коғазҳои қиматноки давлатӣ (облигатсияҳо) дар бозорҳои молии байнулмилалӣ аз эҳтимол дур надонист.

“Агар аз ҷониби сохторҳои дахлдор чунин пешниҳодҳо шаванд, мо онҳоро баррасӣ карда метавонем”, – афзуд Нуралиев.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2017 ҳукумати Тоҷикистон дар бозорҳои байнулмилалӣ ба маблағи 500 млн. доллар коғазҳои қиматноки давлатӣ фурӯхт. Ин маблағ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.