Тоҷикистон ҳамаи хориҷиёни ғайриқонунӣ дар кишвар ҳузурдоштаро авф карданист

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар пешниҳод кардаст, ҳамаи хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳузур доранд, авф карда шаванд. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба омӯзиши лоҳаи қонуни аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодшуда «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар пешниҳод кардаст, ҳамаи хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳузур доранд, авф карда шаванд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба омӯзиши лоҳаи қонуни аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодшуда «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» оғоз кард.

Дар лоиҳаи қонун аз ҷавобгарӣ озод кардани ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур доранд, пешбинӣ шудааст. Муҳлати амали авф аз ҷониби парлумони Тоҷикистон муқаррар мешавад.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, дар давраи авфи пешбинишуда ҳамаи хориҷиён ва шахсони бешаҳрванде, ки дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ ҳузур доранд, бе тарсу ҳарос метавонанд ҳузури худро  дар қаламрави Тоҷикистон қонунӣ кунанд.

“Қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аъзои оилаи онҳо дар ҷараёни ҳузури қонуниашон дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат мекунад”, – гуфт вакили парлумон.

Дар қонунгузории Тоҷикистон барои ҳузури ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар ҷарима дар ҳаҷми аз 4 то 5 ҳазор сомонӣ ва ихроҷи қонуншикан ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. Шахсоне, ки чандин маротиба даст ба ин қонуншиканӣ мезананд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.