Роҳ аз Қарияи Боло то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дар ҷашни Наврӯз боз мешавад

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим аз қитъаи роҳ боздид карда, ба сохтмоничиён дастур дод, ки ба сифати корҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пас аз шиносоӣ бо корҳо муовини сарвазир ба сурати умум аз суръати сохтмон қаноатманд шуд. Ба гуфтаи ӯ, корҳо дар иншоот шабонарӯзӣ ба […]

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим аз қитъаи роҳ боздид карда, ба сохтмоничиён дастур дод, ки ба сифати корҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пас аз шиносоӣ бо корҳо муовини сарвазир ба сурати умум аз суръати сохтмон қаноатманд шуд.

Ба гуфтаи ӯ, корҳо дар иншоот шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, мувофиқи нақша пурра ба истифодаи додани қитъаи роҳ то 20-уми марти соли оянда пешбинӣ шудааст.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар чорроҳаи даври мавзеи Қарияи Боло дар робита ба сохтмони эстакадаи сесатҳа охири моҳи феврали соли 2018 баста шуд.

Қобили зикр аст, ки эсткадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар кардани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мешавад.

Қаблан дар Вазорати нақлиёт итминон дода буданд, ки анҷоми сохтмони иншооти мазкур охири моҳи декабр ва пурра амалисозии лоиҳа баҳори соли оянда дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.