Забондонии вакилони парлумони ояндаро ёвари президент месанҷад

Комиссияи махсуси назди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон сатҳи дониши вакилони ояндаи палатаи поёнии парлумонро аз забони давлатӣ месанҷад. Комиссияи иборат аз забоншиносони маъруфи тоҷикро ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори сарвари давлат дар парлумони кишвар Зариф Ализода роҳбарӣ мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Комиссияи махсуси назди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон сатҳи дониши вакилони ояндаи палатаи поёнии парлумонро аз забони давлатӣ месанҷад.

Комиссияи иборат аз забоншиносони маъруфи тоҷикро ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори сарвари давлат дар парлумони кишвар Зариф Ализода роҳбарӣ мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.

Номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон ва аъзои палатаи болоии парлумон пас аз панҷ рӯзи додани ариза барои бақайдгирӣ дар ҳузури аъзои КМИР ва мутахассисон дар муддати як соат бояд ба забони давлатӣ тарҷумаи ҳоли худро нависанд, на камтар аз як саҳифа матни пешниҳодшударо хонанд ва дар суҳбат бо забони тоҷикӣ имкону малакаҳои худро нишон диҳанд.

Аз ҷумла, дар бораи Конститутсияи ҶТ, қаҳрамонони Тоҷикистон, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ва дигар мавзӯъҳо суҳбат гузаронида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2015 сатҳи донистани забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи сатҳҳо санҷида мешавад. Ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисҳои вилоят ва шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин ҷамоатҳо аз чунин санҷиш мегузаранд.

Агар номзад ба вакилӣ аз санҷиш нагузарад, бақайдгирии ӯ рад мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.