Мутахассисони Ҷопон ба корҳои лоиҳакашии қитъаи роҳи нави Душанбе-Бохтар оғоз мекунанд

Мутахассисони ширкати ҷопонии CTII ба корҳои лоиҳакашии қитъаи 10-километраи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар оғоз мекунанд. Тавре Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрии роҳбарияти вазорат бо намояндагони ширкати JICA масъалаҳои марбут ба оғози корҳои таҳқиқотӣ-лоиҳакашӣ баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ байни Вазорати нақлиёт ва ширкати лоиҳакашӣ-машваратии “CTII” қарордодҳои дахлдор ба имзо расиданд. Моҳи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мутахассисони ширкати ҷопонии CTII ба корҳои лоиҳакашии қитъаи 10-километраи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар оғоз мекунанд.

Тавре Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрии роҳбарияти вазорат бо намояндагони ширкати JICA масъалаҳои марбут ба оғози корҳои таҳқиқотӣ-лоиҳакашӣ баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ байни Вазорати нақлиёт ва ширкати лоиҳакашӣ-машваратии “CTII” қарордодҳои дахлдор ба имзо расиданд.

Моҳи сентябри соли равон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари намояндагии JICA дар ҷумҳурӣ Хидеки Танаба созишномаи грантӣ ба имзо расониданд, ки мувофиқи он ҳукумати Ҷопон барои лоиҳакашии муфассали қитъаи роҳи мазкур беш аз 30 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, айни замон марҳилаи 1 ва 2-юми лоиҳаи “Азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” амалӣ мешавад.

Паймонкори лоиҳа дар марҳилаи якум ширкати “Синтзян Бейсин”-и Чин ва мушовири байнулмилалӣ ширкати “КОКС”-и Олмон мебошанд.

Дар марҳилаи аввал таъмиру навсозии 33 километр қитъаи роҳ бо сохтмони пул дар болои дарёи Кофарниҳон пешбинӣ шудааст. Барои анҷоми таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ 96,3 млн. доллар маблағ ҷудо гардида, 27,7 млн. доллари он азхуд шудааст.

Маблағи марҳилаи дуюми лоиҳа (бо масофаи 39,6 километр бо сохтмони пул дар болои дарёи Вахш) 107,5 млн. долларро ташкил медиҳад, ки 11,7 млн. доллараш азхуд шудааст.

Анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар бо масофаи умумии 82 километр соли 2023 дар назар аст.

Дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳа, роҳ аз категорияи “III“-юм (роҳи автомобилгарди маъмулӣ) ба категорияи “1-Б” (роҳи автомобилгарди босуръат) гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад, қайд мешавад дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. Айни замон паҳноии роҳ то 12 метр мерасад.

Дар қади роҳ таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва низоми эҳтиётии ғизогирии барқ бар асоси батареяҳои офтобӣ насб мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.