Ҳисоботи Рустами Эмомалӣ аз кораш ба ҳайси раиси Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ ҳисобот медиҳад. Ҳисоботи раиси пойтахт дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми декабр шунида мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад. Вакилони Маҷлиси шаҳр аз рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр тӯли 11 моҳи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ ҳисобот медиҳад.

Ҳисоботи раиси пойтахт дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми декабр шунида мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

Вакилони Маҷлиси шаҳр аз рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр тӯли 11 моҳи соли равон натиҷагирӣ карда, вазифаҳоро барои соли 2020 муайян ва ҳамчунин буҷети пойтахтро барои соли оянда баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин рафти иҷрои барнома ва нақшаҳои дастгоҳи шаҳрдории пойтахт дар самти кор бо ҷавонон ва оила баррасӣ хоҳад шуд.

Вакилони маҷлис масъалаи тасдиқи қарорҳои қаблан қабулшудаи раиси пойтахтро низ баррасӣ мекунанд.

Раиси пойтахт аз вакилон дархост кард, ки бо интихобкунандагони худ вохӯрӣ гузаронида, андеша ва пешниҳодҳои онҳоро ҷиҳати ворид кардан ба рӯзномаи иҷлосия омӯзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.