Табодули барқияҳои табрикӣ байни раисҷумҳури Тоҷикистон ва амири Қатар

Миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ рӯзи 13-уми декабр ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки  роҳандозии муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф, […]

Миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ рӯзи 13-уми декабр ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки  роҳандозии муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф, минҷумла дар сатҳи олӣ, ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин ҳамёрии созанда дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байнулмилалӣ самараҳои марҳилаи дурахшони робитаҳои байнидавлатии ду кишвар мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки боздиди қарибулвуқӯъи амири Қатар аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид.

Дар барқияи амири Қатар Эмомалӣ Раҳмон “Бародари азиз” номида шуда, аз робита ва муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ ва ҷиҳати идомаи кору ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба хотири дастгирӣ ва таҳкими он дар арсаҳои мухталиф ба нафъу суди мардумони кишварҳо омодагӣ изҳор шудааст.

Як манбаъи “Азия-Плюс” дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, амири Қатар ояндаи наздик бо сафари корӣ ба Душанбе омада, дар маросими ба истифода додани бузургтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо иштироки сармояи Қатар сохта шуд, ширкат меварзад.

Замони дақиқи сафари амири Қатар ба Тоҷикистон тариқи воситаҳои дипломатӣ муайян мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.