Ҳалокати духтарчаи 1-сола зери чархи мошини падараш дар Турсунзода

Ҳодисаи фоҷеабор дар шаҳри Турсунзода нимаи дуюми рӯзи 12-уми декабр рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 34-солаи шаҳри Турсунзода Абдуллоҷон Аскаров пай набурдааст, ки дар ҳавлии истиқоматиаш духтарчаи яксолааш назди мошин бозӣ дорад. “Ҳангоми ба самти қафо ҳаракат кардан духтарча зери чархи автомашина монда, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳодисаи фоҷеабор дар шаҳри Турсунзода нимаи дуюми рӯзи 12-уми декабр рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 34-солаи шаҳри Турсунзода Абдуллоҷон Аскаров пай набурдааст, ки дар ҳавлии истиқоматиаш духтарчаи яксолааш назди мошин бозӣ дорад.

“Ҳангоми ба самти қафо ҳаракат кардан духтарча зери чархи автомашина монда, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Ба иттилои ВКД дар бораи дигар ҳодисаи ба ин монанд дар пойтахт, зимни ҳаракат дар кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯҷаи Неъмат Қаробоев ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс", сокини 30-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Фармон Абдиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду нафар духтарони 19-солаи сокини Душанбе – Мақсуда Сангова ва Маҳина Худойназароваро пахш мекунад.

“Дар натиҷа духтарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расиданд”, – қайд мешавад дар хабар.

Далелҳои зикршудаи ҳодисаҳои садамаи нақлиёт аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ таҳқиқ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.