Сафари сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба Санкт-Петербург

Сардори cитоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода рӯзи 12-уми декабр ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, дар ин ҷо ӯ имрӯз, 13-уми декабр дар кори ҷаласаи Кумитаи ҳарбии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сардори cитоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода рӯзи 12-уми декабр ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, дар ин ҷо ӯ имрӯз, 13-уми декабр дар кори ҷаласаи Кумитаи ҳарбии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад.

Дар ҳошияи иштирок дар кори ҷаласаи Кумитаи ҳарбӣ Собирзода бо як зумра ҳамтоёни худ дар СААД вохӯриҳои корӣ мегузаронад.

Ҷаласа таҳти раёсати сардори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири мудофиаи ин кишвар генерали артиш Валерий Герасимов доир мегардад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти СААД, дар ҷаласа сардорони ситодҳои кулли Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СААД – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон, муовини аввали сардори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД ширкат меварзанд.

Дар ҷаласаи Кумитаи ҳарбӣ баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД дар соҳаи ҳарбӣ, ки аз ҷониби Русия дар давраи раёсати ин созмон дар соли 2020 пешниҳод шудааст ва таҳияи тадбирҳо оид ба амалисозии онҳо, таҳлили таҳдиду чолишҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаҳои СААД ва дигар масъалаҳо дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.